Ҳамкориҳои самарабахш баҳри рушди кишоварзӣ
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири кишоварзӣ Ҷамила Саидова бо сафири ҷумҳурии Словения Примож Шелико ва раиси ширкати “Дуол” Душан Олай баргузор гардид.
Дар раванди вохӯрӣ муовини вазири кишоварзӣ Ҷ.Саидова оид ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои самарабахши соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳурии Словения ва сафири ҷумҳурии Словения Примож Шелико баҳри дар оянда рушд додани ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ изҳори ақида намуданд.
Сипас роҳбари ширкати “Дуол” Душан Олай оид ба таъсиси анборҳои мавсимӣ ва доимӣ барои нигоҳ доштани картошка ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ дар Слования маълумот дода, зикр намуд, ки сохтмони чунин анборҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имконпазир аст ва омодагии хешро баҳри сохтмони чунин анборҳо иброз намуд.
Ҳамзамон дар раванди вохӯрӣ тарафҳо оид ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо баҳри тадбиқи “Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, аз ҷумла рушди ҳамкориҳо дар самти Агротуризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ноҳияҳои кӯҳӣ, таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи кишоварзӣ ба хотири ҷалби сармоягузорон, ҳамкориҳо дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ, боғпарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ, ташкили гармхонаҳои замонавии доимӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавотҳои тозаи қуттигӣ дар тамоми фасли сол, инчунин оид ба такмили ихтисос, баланд бардоштани сатҳи дониш ва табодули таҷрибаи кадрҳои соҳаи кишоварзӣ табодули афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?






