Ҳамкориҳои самарабахш баҳри рушди кишоварзӣ

Ноябрь 20, 2014 12:12

Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири кишоварзӣ Ҷамила Саидова бо сафири ҷумҳурии Словения Примож Шелико ва раиси ширкати “Дуол” Душан Олай баргузор гардид.
Дар раванди вохӯрӣ муовини вазири кишоварзӣ Ҷ.Саидова оид ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои самарабахши соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳурии Словения  ва сафири ҷумҳурии Словения Примож Шелико  баҳри дар оянда рушд додани  ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ изҳори ақида намуданд.
Сипас роҳбари ширкати “Дуол” Душан Олай оид ба таъсиси анборҳои мавсимӣ ва доимӣ барои  нигоҳ доштани картошка ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ дар Слования маълумот дода, зикр намуд, ки сохтмони чунин анборҳо дар шароити  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ имконпазир аст ва омодагии хешро баҳри сохтмони чунин анборҳо иброз намуд.
Ҳамзамон дар раванди вохӯрӣ тарафҳо оид ба масъалаҳои  рушди ҳамкориҳо баҳри тадбиқи “Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, аз ҷумла рушди ҳамкориҳо дар самти Агротуризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ноҳияҳои кӯҳӣ, таҳияи лоиҳаҳои  инвеститсионии соҳаи кишоварзӣ  ба хотири ҷалби сармоягузорон, ҳамкориҳо дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ, боғпарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ, ташкили гармхонаҳои замонавии доимӣ ва таъмини аҳолӣ   бо сабзавотҳои тозаи қуттигӣ дар тамоми фасли сол, инчунин оид ба такмили ихтисос, баланд бардоштани сатҳи дониш ва табодули таҷрибаи кадрҳои соҳаи кишоварзӣ табодули афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.
 

Ноябрь 20, 2014 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид