Ҳамоиши анҷуманҳои дӯстӣ дар Душанбе
Душанбе, 27.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) дар ҳамкорӣ бо Намояндагии «Россотрудничество» ва бо дастгирии Сафорати Русия дар Тоҷикистон Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯёни хориҷӣ ва тоҷик баргузор гардид.Дар кори Форуми мазкур намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарони анҷуманҳои назди ҶДРФТ, намояндагони иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон, инчунин донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои олии пойтахт ширкат доштанд.Владислав Курнушко -роҳбари Маркази илму фарҳанги Русия (Россотрудничество) зимни ифтитоҳи ин ҳамоиш онро ҷиҳати тақвияти дӯстӣ ва бародарӣ миёни халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон омили муҳим арзёбӣ кард. Сайдулло Хайруллоев -раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ гуфт, ки Форуми мазкур бо мақсади тавсеаи фаъолияти анҷуманҳои дӯстии назди ҶДРФТ тақвияти дӯстӣ байни ҷавонону донишҷӯёни тоҷик ва хориҷӣ, ки дар донишгоҳҳои олии кишвари мо таҳсил мекунанд, рушди муносиботи илмиву эҷодии насли ҷавон созмон дода шудааст. Мавсуф гуфт, ки чорабинӣ қадами устувор дар таҳкими дӯстиву рафоқат байни ҷавонону донишҷӯёни тоҷику хориҷӣ ва ҳамаи қавму миллатҳои муқими ҷумҳурии мо хоҳад буд.Инчунин дар Форум муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев, Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, ректори Донишгоҳои славянии Тоҷикистону Русия Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Хуршед Зиёев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Карим — уғлу Гасанов, намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, донишҷӯёни хориҷӣ ва дохилии мактабҳои олии кишвар дар мавзӯъҳои гуногуни тараннумкунандаи дӯстӣ сухан гуфтанд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






