Ҳавасмандкунӣ барои дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ
Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо пешниҳоди Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ минбаъд мукофотпулиҳои ҳавасмандкунӣ дода мешавад.
Дар ин бора профессор Матлуба Хоҷаева, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки минбаъд барои дифои рисолаи номзадӣ дар дохили ҷумҳурӣ 1500 сомонӣ, дар хориҷи кишвар 2500 сомонӣ, барои дифои рисолаи докторӣ дар дохили ҷумҳурӣ 2500 сомонӣ, дар хориҷи кишвар 4000 сомонӣ барои ҳар нафари устоди донишгоҳ мукофотпулӣ дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






