Ҳидайет Бишчевич: «Бароям сафири ИА дар Тоҷикистон будан шараф аст»

Ноябрь 18, 2014 15:21

 
Душанбе, 18.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Сафири фавқулода ва мухтори нави Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидайет Бишчевич дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки барояш мояи шарафи бузург аст, ки ҳамчун сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътимодномаи худро ба Президенти кишвар супорад.
Сафири тозаинтихоб омодагӣ ва идома додани  ҳамкориҳои густурдаву ҳамаҷонибаи Иттиҳоди Аврупоро дар ҳама самту арсаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн бо Тоҷикистон таъкид намуд.
«Дар Иттиҳоди Аврупо обрӯву манзалат ва нуфузи рушдкунандаи Тоҷикистонро хуб дарк мекунанд. Дар ин замина мо изҳори омодагӣ мекунем то ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти соҳаҳои вобаста ба амният ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар мусодати ҳамаҷониба намуда, барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош намоем. Ду ҳафта қабл боз як созишномаи дуҷониба байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаҷми умумии  251 млн. евро ба имзо расид, ки дар матни ин созишнома дар асоси ин санади дуҷониба Иттиҳоди Аврупо кумак ва мусоидати худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмин ва пешбурди рушди соҳаҳои деҳот, маориф ва тандурустӣ идома хоҳад дод»,-илова намуд сафири Иттиҳоди Аврупо.
 

 

Ноябрь 18, 2014 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд