Ҳолати бадмастӣ ба куштор расонид
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини шаҳри Истиқлол Сайдалӣ Матказиев, соли таваллудаш 1988 бо гумони куштор дастгир гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки номбурда дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматиаш омада, бо бародараш Элмурод Матказиев, соли таваллудаш 1990 ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда 1 маротиба ба қафаси синаи бародараш задааст.
Дар натиҷа аз ҷароҳати вазнини зарби корд бародараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






