Ҷаласа таҳти раёсати М.Ҷабборӣ
Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шўро Марҳабо Ҷабборӣ нахустин ҷаласаи Шўрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар кори ҷаласаи Шўро баррасии масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла оид ба вазъи воқеии сифати таълим ва роҳҳои беҳтар намудани он дар муассисаҳои таълимӣ, натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба натиҷаи хатми донишҷўёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилнамуда, ба ҷои кор ҳозир шудани онҳо ва донишҷўёне, ки тариқи буҷавӣ муассисаҳои таълимиро хатм намудаанд, доир ба фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, тасдиқи нақшаи кори Шўрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 барраси шуданд.Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ҳисоботи вазири маориф ва илм, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ шунида шуд. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони маъсул иштирок доштанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






