Ҷаласаи гурӯҳи хурди Дублин дар АНММ

Ноябрь 20, 2014 14:12

Душанбе,  20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих ).- 19  ноябр  дар  шаҳри  Душанбе  таҳти раёсати  сафири  Италиё дар  Тоҷикистон  Риккардо  Манара  ҷаласаи   гурӯҳи  хурди  Дублин баргузор  гардид. 
Дар  ҷаласа  намояндагони   корпусҳои  дипломатии  Афғонистон,  Олмон,  Британияи  Кабир, СҲШ,  Ӯзбекистон, ҳамчунин  САҲА,  Барномаи  рушди  СММ  ва   раёсати  СММ  оид ба маводи  мухаддир ва  ҷинояткорӣ  ширкат  доштанд.   
Тавре  ки Агентии  назорати  маводи  нашъаовари назди  Президенти  ҶТ  хабар  медиҳад,  иштирокдорони  ҷаласа  бо  вазъияти  маводи  мухаддир  дар  Тоҷикистон,  ҳамчунин  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  ва   тадбирҳои  Ҳукумати  Тоҷикистон   дар  бахши таҳти назорат  гирифтани  маводи  мухаддир, ташкили ҳамкории  мақомоти ҳифзи  ҳуқуқи  ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо  ҳамтоёнашон  аз  кишварҳои  дигар  шинос  карда шуданд. 
Зикр  шуд, ки  «фақат бо  саъю кӯшишҳои якҷояи  ҳукуматҳои  кишварҳои Осиёи  Марказӣ,  созмонҳои  байналмилалӣ ва  ҷомеаи  ҷаҳон  дар  мубориза  бо қочоқи  маводи  мухаддир  натиҷаҳои  дилхоҳ  ба даст овардан  мумкин  аст».
Иштирокдорони  ҷаласа  барои  расонидани ёрии  ҳамаҷониба ба  мақомоти  салоҳиятдори  ҷумҳурӣ  ба  манзури афзун  намудани иқтидори онҳо ва  рушду  густариши   ҳамкории байналмилалӣ дар  муборизаи  зидди  гардиши  ғайриқонунии маводи  мухаддир   тавсияҳо  ироа  намуданд.

Ноябрь 20, 2014 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!