Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони ҳамраиси Комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, муовинони вазоратҳо ва мутахассисони сохтору идораҳои дахлдори давлатӣ, корхонаҳои воҳиди давлативу тиҷоратӣ ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои Протоколи ҷаласаи 9-уми байниҳукуматӣ, ки 2 майи соли 2014 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус имзо шуд, тахти роҳбарии вазири кишоварзӣ, ҳамраиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштарак Қосим Роҳбар барпо гардид.
Вазири кишоварзӣ бо такя ба дастуру супоришҳои Президети кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Беларус, ки 24 майи соли 2014 сурат гирифт, баҳри таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти тарафайн ба муваффақияту камбудиҳои ҷараёни иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо таъкид намуд.
Бо ёдоварӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи гуногуни иқтисодиёти ин ду кишвар, Қосим Роҳбар қаноатмандии худро доир ба натиҷаҳои ҳисоботии бархе аз вазорату идораҳо оид ба иҷрои нақшаи чорабинии Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баён намуда, ҳамзамон аз нокифоягии фаъолияти бархе аз сохторҳои давлатӣ ибрози нигаронӣ намуд.
Дар бахши дуюми ҷаласа гурӯҳи корӣ нақшаи чорабинии Протоколи комиссияи мазкурро банд ба банд таҳлил намуда, доир ба норасоиҳои ҷойдошта ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳо ҷиҳати пешниҳоди маълумот оид ба корҳои ба анҷомрасида бо Ҷумҳурии Беларус ва таклифҳо барои таҳкими ҳамкориҳо дар соли 2015 дода шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






