Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф дар ноҳияи Айнӣ

Ноябрь 25, 2014 15:37

Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласа бо иштироки  муовинони раисон, мудирони кабинетҳои методӣ, сармутахассисони хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва директорони мактабҳои таҳсилоти умумии санҷидашудаи   шаҳру ноҳияҳои Истаравшан,  Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Ғончӣ, Зафаробод ва мудирони шуъбаи маорифи ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят барпо гардид.
Тибқи иттилои сомонаи расмии раиси вилояти Суғд, дар ҷаласа  натиҷаи фаъолияти Маркази миллии тестӣ ва имтиҳони ягонаи дохилшавӣ ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори нахуст сурат гирифт ва натиҷаи омӯзиши саросарии фаъолияти мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳяҳои номбурдаи вилоят аз тарафи гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ гардид.
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова ва муовини раиси вилоят Раънохон Маҳмудзода оид ба бурду бохти маорифчиёни вилоят ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти соҳа ибрози ақида намуда, дар назди ҳозирин ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
 
 
 

Ноябрь 25, 2014 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд