Ҷаласаи навбатии TEMPUS- UNIVIA дар Украина
Душанбе, 20.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Донишгоҳи миллии иқтисодии Киев ҷаласаи навбатии иштирокчиёни лоиҳаи TEMPUS- UNIVIA баргузор гардид, ки дар қатори намояндагони донишгоҳҳои Озарбайҷон, Қирғизистон, Украина, Итолиё мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Темур Каримов, ҳамчун ҳамоҳансози лоиҳаи мазкур дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иштирок намуд.
Ҷаласа таҳти роҳбарии ноиби ректор оид ба корҳои байналмилалии донишгоҳи номбурда Анатолий Наливайко ҷараён гирифт. Шоҳин Байрамов, ноиби ректори донишгоҳи иқтисоди Озарбойҷон ва Бейим Набиева, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии номбурда чун ҳамоҳангсозони кулли лоиҳа оид ба натиҷаҳо ва мушкилоти даври аввали накшаи корӣ маълумоти муфассалро баррасӣ намуданд.
Зикр гардид, ки дар 6 моҳи фаъолият аз тарафи донишгоҳҳои иштирокчиёни консорсиум нақшаҳои пешбинишуда иҷро гардиданд. Аз семинари ташкилии лоиҳа аз моҳи январи соли 2014 то моҳи октябр чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ дар донишгоҳҳои Ворвики Британаияи Кабир, Малагаи Испания, Сантяго де Кампостела ва Балонияи Итолиё гузаронида шуданд, ки дар онҳо намояндагони ҳамаи донишгоҳҳо иштирок намуданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






