Ҷамъбасти амалиёти ҷавонон
Душанбе, 07.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рўзи ободонӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем» ҷамъбаст гардид.
Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҷалолиддин Нуров, кумита амалиёти ҷумҳуриявии ҷавононро ба муносибати 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июл то 5 ноябри соли равон роҳандозӣ кард.
Дар ин радиф ҳар ҳафта рўзи шанбе дар тамоми гўшаву канори кишварамон шанбегиҳо барои ташкили корҳои ободонӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ, маъмуриву маишӣ ва майдончаҳои варзишиву фароғатӣ бо иштироки ҷавонону наврасон гузаронида мешуданд.
Ба иттилои манбаъ,тайи амалигардонии амалиёти мазкур 14 маротиба шанбегиҳои ҷумҳуриявии ҷавонон ва 100 маротиба корҳои ободониву кабудизоркунӣ доир гардиданд, ки ба онҳо беш аз 655 ҳазор нафар ҷавону наврас ҷалб шуд.
Гуфта мешавад, ки муҳимтарин корҳои баанҷомрасида дар доираи амалиёти мазкур тоза намудани ҷўйборҳо, каналҳо ва ҷойҳои обгузар, рўбучини кўчаву хиёбонҳо ва гулгашту майдончаҳои варзишиву фароғатӣ, шинонидани ниҳолҳои боровару сояафкан, гулу буттаҳо, нарм намудани бехи ниҳолу дарахтон ва инчунин рангубори пештоқи биноҳои маъмуриву истиқоматӣ, дохили биноҳои идоравию утоқҳои корӣ буда, ҳадафи ин иқдомот тавассути тарбияи меҳнатии ҷавонон мусоидат ба тозаву обод нигоҳ доштани кўчаву хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои кишвар мебошад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






