Ҷамъбасти амалиёти «Кӯкнор — 2014»
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Охири моҳи октябр дар ноҳияи Данғара ҷаласаи сайёри Ситоди «Кӯкнор — 2014» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Балҷувони вилояти Хатлон ширкат доштанд.
Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, дар ҷаласа натиҷаи амалиёти «Кӯкнор — 2014» дар ноҳияҳои зикршуда ҷамъбаст гардид. Қайд шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷилавгирии нашъамандӣ кори муайянеро анҷом додаанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масоили танзими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят барои ташкили иҷрои дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои ташкилу роҳандозии амалиёти «Кӯкнор — 2014» баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамаи ноҳияҳои зикршуда ба манзури тарғиби тарзи солими зиндагӣ чорабиниҳои тарғибию фарҳангии зидди маводи мухаддир ва озмунҳо рӯи кор оварда шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






