Ҷамъбасти USAID TB CARE I
Душанбе, 20.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Пагох, 21 ноябри соли 2014 дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” маросими тантанавии пӯшидашавии Лоиҳаи USAID TB CARE I, ки аз ҷониби филиали KNCV (Шоҳигарии нидерландии Ассотсиатсияи мубориза бар зидди бемории сил) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида буд, баргузор мегардад.
Лоиҳаи (USAID) (Агентии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ) TB CARE I, ки аз ҷониби филиали KNCV (Шоҳигарии нидерландии Ассотсиатсияи мубориза бар зидди бемории сил) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гашта, мақсади он расонидани кумак ва дастгирӣ ба Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар чунин самтҳои дастрасии умумӣ ба ташхис ва табобати сил, таъмини хизматрасонии босифати озмоишгоҳҳо, назорати сирояти бемории сил, пешбурди барномавии беморони шакли мутобиқгаштаи сил, мониторинг ва баҳодиҳӣ, гузаронидани тадқиқотҳои фаврӣ равона шудааст.
Чорабиниҳои муҳиме, ки дар доираи Лоиҳаи мазкур амалӣ мешаванд, аз боздид намудани ҳуҷҷатҳои меъёриву роҳбарикунанда оид ба назорати бемории сил мувофиқи стандартҳои охирини байналмиллалӣ, такмил додани иқтидори кормандони тиб бо мақсади беҳтар гаштани сифати хизматрасонӣ ба беморон, инчунин расонидани кумак ва дастгирӣ дар ворид намудани таҷрибаҳои ҷадид ва самаранок дар самти назорати бемории сил дар ҳамаи сатҳҳои кишвар иборат мебошанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар чорабинии мазкур оид ба пӯшидашавии Лоиҳа натиҷаҳои назаррас ва муҳим, инчунин сабақҳои гирифташуда дар ҷараёни вориднамоии Лоиҳаи TB CARE I дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






