Ҷамъомад бахшида ба Рўзи Конститутсия

Ноябрь 4, 2014 15:52

Душанбе, 04.11.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз бахшида ба Рўзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. 
Тавре ки дар ин бора аз котиботи вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷамъомад вазири саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шавкат Бобозода иштирокчиён ва меҳмононро бо Рўзи Конститутсия (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ  муборакбод намуда, гуфт, ки кормандони вазорат,  корхонаву муассисаҳои соҳавӣ ҷиҳати  татбиқи Сарқонун дар ӯаъолият ва ҳаёти рузмарраи худ баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар саҳм хоҳанд гузошт.
Гуфта мешавад, ки дар арафаи таҷлили 20-солагии Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли сементи ватанӣ ба 1 млн. тонна расид, ки ин дастоварди таърихии саноати мамлакат туҳфаи арзандае ба мардуми кишвар арзёбӣ мегардад.
Дар хотима як зумра кормандони фаъоли вазорат,  корхонаҳои соҳа бо Ифтихорномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
 
 

Ноябрь 4, 2014 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад