“Ҷанбаҳои устувори башардўстӣ”-китоби нав
Душанбе, 10.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- «Ҷанбаҳои устувори башардўстӣ. Ҷустуҷӯҳои илмӣ дар таърихи фарҳанги эронӣ»- таҳти чунин унвон китоби нави донишманди шинохтаи тоҷик, узви вобастаи АИТ Мирзо Муллоаҳмад дар нашриёти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ба табъ расидааст.
Тавре ки дар ин бора аз Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо ва суханрониҳои муаллифро дар бар гирифта, таҳқиқи масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёт, ҳунар ва фарҳанги тоҷику форсро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, ки маҷмӯа бо пешгуфтори муҳаррири китоб- донишманд ва шоири варзидаи тоҷик, узви АИТ Кароматулло Олимов оғоз гардидааст, ки дар он хидматҳои шоистаи Мирзо Муллоаҳмад дар омўзиши адабиёт ва фарҳанги Эрон ва саҳми ў дар таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангии Тоҷикистону Эрон нишон дода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






