Ҷасади бародарон дарёфт гардид
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Лайло Тоирӣ). — Ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Каримов Меҳроб Шукурович, соли таваллудаш 1985, сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намуд, ки 6 ноябри соли равон бародаронаш Каримов Фарҳод Шукурович, соли таваллудаш 1980 бо мошини тамғаи «Тойота-Кемри», рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва Каримов Раҷабалӣ Шукурович, соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандагони кӯчаи Нусратулло Махсум бо мошини тамғаи «Ренҷ-ровер», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада, бедарак гум шудаанд.Оид ба далели гум шудани номбурдагон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ кофтуков эълон шуда, барои дарёфти онҳо гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, субҳи имрӯз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуданд.Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин самт тафтиши пешакӣ идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






