Ҷашни пуршукӯҳи миллӣ дар Суди конститутсионӣ
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар маҷлисгоҳи Суди конститутсионии кишвар бо иштироки кормандони ин ниҳод маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои раиси дастгоҳи ин ниҳод Даврон Ҳошимзода, раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукӯҳи умумимиллӣ таҳният гуфта, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ аз ҷумла муҳимтарин муқаддасоти даврони истиқлол ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳи кишвар маҳсуб ёфта, моҳият ва тартиби истифодаи расмии он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шудааст.
Дар маҷлиси тантанавӣ инчунин сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳо Г.А. Нурляминова оид ба таърихи Парчами давлатӣ ва тартиби истифодаи расмии он маърӯза намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






