Ҷашнвораи «Мо якҷоем» дӯстонро ҷамъ овард
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Созмони ҷамъиятии минтақавии «Умед» — и шаҳри Нижний Новгород дар Ҷашнвораи П фарҳангҳои миллии «Мо якҷоем», ки охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Нижний Новгород баргузор гардид, Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Назар ба хабари созмони «Умед», композитсияи хореографии «Сайри лола» — и тоҷикистониён сазовори баҳои баланди тамошобинон гардид.
Дар ҷашнвора намояндагони ҷамоаҳои калони сокини Нижний Новгород, аз ҷумла ҷамоаҳои арманиҳо, озарбойҷониҳо, украинҳо, беларусҳо, яҳудиён ва ғайра низ ширкат доштанд.
Дар ҳошияи ҷашнвора офаридаҳои намояндагони санъати ороишию амалӣ ба маърази намоиш гузошта шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






