Ҷашнвораи сеюми байналмилалии адабӣ

Ноябрь 4, 2014 16:28

Душанбе,  4 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).-  Хонаи  интишороти «Hertfordshire Press» — и  Британия  бо  дастгирии Палатаи  миллию  давлатии китоби  Ҷумҳурии  Қазоқистон  зимни  ҳамкорӣ  бо  Маркази  «Таълим ва  консалтинг» — и  Елена  Безрукова  аз  14  то  17  ноябр  дар  шаҳри  Алмаато  Ҷашнвораи  сеюми байналмилалии  адабиро  доир  менамояд.
Тавре  ки  ташкилкунандагони   чорабинӣ ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  мақсад  аз  ин   воқеаи  нодир тарғиби  адабиёт  дар  қаламрави  Осиёи  Марказӣ  мебошад,  ки он  бояд   нависандагони  на  фақат  минтақаи  Осиёи  Марказӣ,  балки  ҳамаи  кишварҳои  ҷаҳонро  муттаҳид  сохта,   насру  назми  миллиро  аз  нигоҳи  иттилоот дастгирӣ  намояд. 
Ситораҳои  адабиёти  ҷаҳон  аз  қабили  Януш  Леон  Вишневский  (Лаҳистон), Дэвид Пари, Ник Рован, Шоҳсанам  Мюррей,  Лаура  Ҳамелтон (Британияи  Кабир)  Пол  Вилсон (Австралия), Қаззот Оқматов (Қирғизистон),  Галина  Долгая ва  Зуҳур  Ҳасанов  меҳмонони  фахрии  ҷашнвора  мебошанд. 
Дар  ҷашнвора   нависандагони  Австрия,  Австралия,  Озарбойҷон,  Фаронса, Ирландия,  Қазоқистон, Англия,  Қирғизистон, Лаҳистон, Эстония, Нидерланд,  ИМА, Ӯзбекистон,  Литва¸ Тоҷикистон,  Африқои  Ҷанубӣ, Русия, Туркия,  Туркманистон ва  кишварҳои  дигар  иштирок  менамоянд. 

Ноябрь 4, 2014 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад