Ҷашнвораи сеюми байналмилалии адабӣ
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Хонаи интишороти «Hertfordshire Press» — и Британия бо дастгирии Палатаи миллию давлатии китоби Ҷумҳурии Қазоқистон зимни ҳамкорӣ бо Маркази «Таълим ва консалтинг» — и Елена Безрукова аз 14 то 17 ноябр дар шаҳри Алмаато Ҷашнвораи сеюми байналмилалии адабиро доир менамояд.
Тавре ки ташкилкунандагони чорабинӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ин воқеаи нодир тарғиби адабиёт дар қаламрави Осиёи Марказӣ мебошад, ки он бояд нависандагони на фақат минтақаи Осиёи Марказӣ, балки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро муттаҳид сохта, насру назми миллиро аз нигоҳи иттилоот дастгирӣ намояд.
Ситораҳои адабиёти ҷаҳон аз қабили Януш Леон Вишневский (Лаҳистон), Дэвид Пари, Ник Рован, Шоҳсанам Мюррей, Лаура Ҳамелтон (Британияи Кабир) Пол Вилсон (Австралия), Қаззот Оқматов (Қирғизистон), Галина Долгая ва Зуҳур Ҳасанов меҳмонони фахрии ҷашнвора мебошанд.
Дар ҷашнвора нависандагони Австрия, Австралия, Озарбойҷон, Фаронса, Ирландия, Қазоқистон, Англия, Қирғизистон, Лаҳистон, Эстония, Нидерланд, ИМА, Ӯзбекистон, Литва¸ Тоҷикистон, Африқои Ҷанубӣ, Русия, Туркия, Туркманистон ва кишварҳои дигар иштирок менамоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






