Ҷомеаи шаҳрвандӣ гуногунандешии сиёсиро кафолат медиҳад
Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20-умин солгарди Конститутсия иброз намуд: «Конститутсия дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро эълон намуда, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳеро ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф накардааст».
Ҳамчунин зикр гардид, ки: «Ҷомеаи шаҳрвандӣ рақобати озоди ҳизбу ҳаракатҳоро бо усули гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ эътироф намуда, кафолат медиҳад».
«Ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳизбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои диниву ҷамъиятӣ ба ҳаёти мардум мафкураҳоеро таҳмил намоянд, ки онҳо суннату арзишҳои муқаддаси миллӣ, ваҳдат, субот ва амнияти ҷомеа, якпорчагӣ ва низоми қонунияти давлатиро халалдор созанд»,- гуфт Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд: Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиеро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ даъват менамоянд, манъ намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






