Ҷопон 10 лоихаи навро дар Точикистон амалӣ мекунад

Ноябрь 13, 2014 15:52

Душанбе, 13.11.2014 (АМИТ «Ховар» Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-  Дирӯз дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе 10 лоиҳаи навин, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон амалӣ мегардад, аз ҷониби Такаши Камада,  Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  намояндагони мақомоти  грантҳо дар ҳузури Низомиддин Зоҳидӣ,  муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расид. 
  Дар чаҳорчӯбаи «Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ» 10 лоиҳаи зайл  маблағгузорӣ мешавад:
«Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд» ба маблағи 88,341 доллари ИМА.
«Лоиҳаи барқарорсозии шуъбаи тавлидгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Конибодом» ба маблағи 100,993 доллари ИМА.
«Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров » ба маблағи 87,585 доллари ИМА
«Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти таълимӣ  барои 7 мактаби шаҳри Исфара» ба маблағи 88, 529 доллари ИМА
«Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ барои рушди  зерсохтор дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ» ба маблағи 97, 624 доллари ИМА
«Лоиҳаи сохтмони бинои нав  барои мактаби №58 дар деҳаи «Навобод»-и ҷамоати деҳоти «Ҳасан Ҳусейн»-и ноҳияи Ёвон» ба маблағи 92,070 доллари ИМА
«Лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар қишлоқи «Янгиюл»-и ҷамоати деҳоти «Чӯбек»-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» ба маблағи 88,120 доллари ИМА
«Лоиҳаи барқарор намудани бино ва дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаи минтақавии №1 ҷамоати деҳоти  «Наврӯз»-и ноҳияи Носири Хусрав» ба маблағи 100, 650 доллари ИМА
«Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба  Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус» ба маблағи 87, 686 доллари ИМА
«Лоиҳаи сохтмони  бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи «Навбаҳори»-и ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Кубодиён» ба маблағи 87, 690 доллари ИМА.  
Кумакҳои бебозгашти лоиҳаи амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолии ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ,  соҳаҳои маориф ва тандурустии  мамлакатҳои  рӯ ба тараққӣ расонида мешаванд. Лоиҳаи амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 330 лоиҳаро ба маблағи умумии 26,4 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Ноябрь 13, 2014 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад