Ҷопон 10 лоихаи навро дар Точикистон амалӣ мекунад
Душанбе, 13.11.2014 (АМИТ «Ховар» Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Дирӯз дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе 10 лоиҳаи навин, ки дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон амалӣ мегардад, аз ҷониби Такаши Камада, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти грантҳо дар ҳузури Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар чаҳорчӯбаи «Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ» 10 лоиҳаи зайл маблағгузорӣ мешавад:
«Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд» ба маблағи 88,341 доллари ИМА.
«Лоиҳаи барқарорсозии шуъбаи тавлидгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Конибодом» ба маблағи 100,993 доллари ИМА.
«Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров » ба маблағи 87,585 доллари ИМА
«Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти таълимӣ барои 7 мактаби шаҳри Исфара» ба маблағи 88, 529 доллари ИМА
«Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ барои рушди зерсохтор дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ» ба маблағи 97, 624 доллари ИМА
«Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №58 дар деҳаи «Навобод»-и ҷамоати деҳоти «Ҳасан Ҳусейн»-и ноҳияи Ёвон» ба маблағи 92,070 доллари ИМА
«Лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар қишлоқи «Янгиюл»-и ҷамоати деҳоти «Чӯбек»-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» ба маблағи 88,120 доллари ИМА
«Лоиҳаи барқарор намудани бино ва дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаи минтақавии №1 ҷамоати деҳоти «Наврӯз»-и ноҳияи Носири Хусрав» ба маблағи 100, 650 доллари ИМА
«Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус» ба маблағи 87, 686 доллари ИМА
«Лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи «Навбаҳори»-и ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Кубодиён» ба маблағи 87, 690 доллари ИМА.
Кумакҳои бебозгашти лоиҳаи амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолии ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешаванд. Лоиҳаи амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 330 лоиҳаро ба маблағи умумии 26,4 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






