170 нафар «Чароғи ҳидоят»-ро хатм кард
Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дирӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Шӯро аз вазорату идораҳо ва кормандони кумита ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои кумита баргузор гардид. Дар он ҳисоботи директори Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» С Расулова баррасӣ гардид.Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» 31 декабри соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.Мақсади асосии фаъолияти марказ пеш бурдан ва ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасонии марказ, таъмини босифати таҳсилоти муосир, тарбияи донишҷӯдухтарон дар асоси арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин фароҳам овардани шароити хубу мусоид барои донишҷӯдухтарон мебошад. Самти асосии фаъолияти марказ парастории донишҷӯдухтаронест, ки аз волидайн маҳрум шудаанд.Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила аз соли таъсис то ба ин сол ин муассисаро 170 нафар духтар хатм намуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






