3 медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё
Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои 1У соҳилии Осиё дар Таиланд 3 медал — 1 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд.Мувофиқи хабари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гӯштигири номии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 90 килограмм медали тилло ба даст овард.Намояндагони дигари Тоҷикистон Саидҷалол Саидов дар вазни то 90 килограмм ва Ҷомӣ Латифов дар вазни 71 килограмм соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.Дар Бозиҳои 1У соҳилии Осиё қариб 6 ҳазор нафар варзишгарони 43 кишвари Осиё иштирок доштанд.Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин бозиҳо 19 нафар варзишгарон (15 нафар мардон ва 4 нафар занон) қувваозмоӣ намуданд.Дастаи мунтахаби Таиланд бо 126 медал (56 медали тилло, 37 медали нуқра ва 33 медали биринҷӣ) ҷойи аввалро касб намуд. Ҷойҳои дуюм ва сейюм насиби дастаҳои мунтахаби Чин ва Куриёи Ҷанубӣ гардиданд.Тоҷикистон бо се медал (як медали тилло ва ду медали биринҷӣ) ҷойи 25 – умро ишғол кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






