552 маротиба парафшон гаштани Парчами миллӣ дар ҷаҳон
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Дар давоми 9 моҳи соли 2014 варзишгарони тоҷик, аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намудҳои мухталифи варзиш дар 63 чемпионати ҷаҳон, Осиё, Ҷоми ҷаҳон “Гран При” ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 552 медал, аз ҷумла, 173 тилло, 153 нуқра ва 226 биринҷӣ гардиданд, иттилоъ дод Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба гуфтаи мавсуф чунин дастовардҳои варзишгарони тоҷик имкон дод, ки Парчами Тоҷикистон 552 маротиба дар гӯшаю канори олам барафрохта шавад, ки аз ин шумора 173 маротиба Парчам бо садо додани суруди миллии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.
Ҷалолиддин Нуров гуфт дар марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Ҷуҳурии Тоҷикистон 1032 нафар варзишгар, аз ҷумла 219 нафар бону иштирок дошт, ки нисбат бо Бозиҳои варзишии соли гузашта 200 нафар зиёд мебошад, аз ин рӯ Парчами миллӣ, ҳамчун рамзи давлатии Тоҷикистон дар чемпионат ва мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар 9 моҳи соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 119 маротиба бештар барафрохта шуд, иброз дошт мавсуф. Ҳамзамон аз 2 то 11 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо (ITF) бо иштироки беш аз 600 варзишгар аз 52 давлати ҷаҳон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик бо гирифтани 35 медал (9 тилло, 12 нуқра, 14 биринҷӣ) маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, дар ҳайати даставӣ — дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми сеюмро касб намуд, ки дар он низ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.
Номбурда гуфт дар Бозиҳои Осиё, ки дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ аз 12 сентябр то 4 октябри соли 2014 баргузор гардид, варзишгарони маъруфи кишвар, аз ҷумла, Дилшод Назаров аз намуди варзиши сабук сазовори мақоми аввал, Зелемхон Юсупов аз намуди гўштини тарзи озод сазовори мақоми дуюм ва Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрў Ҳалимова аз намуди таэквандо ВТФ сазовори ҷойҳои сеюм гардида, Парчами Тоҷикистонро дар бозиҳои мазкур баланд бардоштанд. Ёдовар мешавем, ки Рӯзи Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2009 инҷониб дар кишвар таҷлил мегардад.








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






