87 фоизи дурнамои пахта иҷро шуд
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Ҳафтаи сипаригардида новобаста аз номусоидии вазъи ҳаво кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварии пахтаро самаранок идома доданд. Мувофиқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 177,6 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дурнамои истеҳсоли пахта 408 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.То 09.11.14 дар ҷумҳурӣ дар як рӯз 2489 тонна ва аз аввали мавсим ба миқдори 354,8 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 87 фоизи дурнамо мебошад. Зиёда аз 30 ҳазор чинакчӣ дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта иштирок намуд.
Дурнамои ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон 177,6 ҳазор тонна буда, дар як рӯз 2364 тонна ва аз аввали мавсим ба миқдори 251,9 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 90,8 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилоят аввалин шуда кишоварзони ноҳияҳои Сарбанд, Панҷ, Қубодиён, Қурғонтеппа, Данғара, Шаҳритус иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахтаро пурраю барзиёд таъмин намуданд.
Дар вилояти Суғд низ имрӯзҳо ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дорад. То 9.11.2014 дар як рӯз 125 тонна ва аз аввали мавсим ба миқдори 93,5 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 81,3 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилоят аввалин шуда пахтакорони ноҳияи Ашт дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахтаро пурра таъмин намуданд.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба миқдори 9376 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 60,9 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Аввалин шуда кишоварзони ноҳияи Турсунзода дурнамои ҷамъоварии пахтаро ба100,2 фоиз расониданд ва то ин дам ба хирмани ватан 4209 тонна пахта ворид намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






