Ағбаи Хобуработ то фасли баҳор баста шуд
Душанбе, 27.11.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Назар ба хабари Вазорати нақлиёти ҶТ, роҳи мошингарди ағбаи Хобуработ, ки пойтахти Тоҷикистонро тавассути ноҳияи Тавилдара бо ВМКБ пайваст менамояд, дар фасли зимистон баста шудааст. Мувофиқи суханони манбаъ, сабаби баста шудани роҳи зикршуда боришоти сахти барф аст. Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҳаракати мошинҳо тавассути ин ағбаро фақат дар нимаи моҳи майи соли оянда дар назар дорад.Дар давраи зикршуда ҳаракати мошинҳо аз маркази ҷумҳурӣ сӯи ВМКБ бо роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб — Шурообод – Дарвоз – Хоруғ сурат мегирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






