А. Б. Гилберт: Гана макони мусоид барои таҳкими муносибатҳои соҳибкорист
Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Баъди супоридани эътимоднома Сафири Фавқулода ва Мухтори Чумҳурии Гана дар Чумҳурии Тоҷикистон Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт дар назди хабарнигорон сухан гуфта, мардуми тоҷикро бовар кунонд, ки дар ҷараёни татбиқи фаъолияти худ ба ҳайси сафир тамоми кӯшишу талошҳои худро баҳри таҳкими муносибат ва робитаҳо байни мардумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Гана равона месозад.
Дипломати ганагӣ дар бораи мавқеи ҷуғрофии кишвараш ҳарф зада, Ҷумҳурии Ганаро, ки дар қисмати Африқои марказии ғарбӣ ҷойгир аст, макони мусоид барои таҳкими муносибатҳои соҳибкориву корӣ арзёбӣ номид.
«Кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ яке аз истеҳсолкунандагони пешқадами сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла алмос ва тилло ба ҳисоб меравад. Аз ҳамаи доираҳои соҳибкорон ва ширкатҳои тоҷикистонӣ даъват ба амал меорам, то аз Ҷумҳурии Гана боздид ба амал оранд. Ва ҳамкориву робитаҳои зичи кории худро бо ширкатҳои мо мустақар намоянду дар муҳлатхои кутоҳтарин фоида ба даст оранд. Бинобар ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дар қисмати марказии ғарби Африқо он барои ҳамкорӣ ва робитаҳои зич бо дигар кишварҳои атрофи минтақаи Африқо хеле мусоид буда, инчунин ҷойи хеле мусоид барои гардишгарӣ ё сайёҳӣ хоҳад буд. Мо аз ҷангалзорву дигар ҷойҳои хеле диданбоб бой ҳастем»,- зикр намуд сафир.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






