Афзоиши пасандозҳо дар «Аксес Бонк Тоҷикистон»
Душанбе, 29.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — ҶСП «Аксес Бонк Тоҷикистон» қарори худро оиди тағир ёфтани фоизҳои пасандозҳои босуръат барои шахсони ҳуқуқӣ эълон намуд.
Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз «АксесБонк Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки миқдори фоизҳои пасандозҳои босуръат барои шахсони ҳуқуқӣ бо пули миллӣ аз 13% то 17% ва бо доллари ИМА аз 8% то 10% солона афзуданд.
«Мизоҷони мо пасандозҳои босуръатро кушода, имконияти хуби таъмини амният ва афзудани арзандаи маблағҳои худро бар бонки аврупоӣ доранд. Суратҳисобро дар бонки мо кушода, мизоҷон дорои бартариятҳои зерин мешаванд: миқдори фоизи муфид, идоракунии маблағҳо дар суратҳисоби худ, муносибати фардӣ, хизматрасонии баландсифат», — афзуд сарчашма.
Инчунин мизоҷон метавонанд аз номгӯи васеъи хизматрасониҳои «АксесБонк Тоҷикистон» истифода баранд: фавран суратхисоби амонатӣ ва пасандозӣ кушоянд, карзхои муфидро дарёфт намоянд, аз интиқоли маблағхо истифода баранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






