Афзоиши талабот ба какао дар ҷаҳон
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои Созмони байналмилалии какао тайи ду соли охир арзиши ин зироати кишоварзӣ 60 дарсад боло рафтааст. Ба иттилои ширкати амрикоии «Марс» ва ширкати «Бари»-и Шветсария то соли 2020 талабот ба какао дар ҷаҳон 1 миллион тонна зиёд хоҳад гашт. Бояд гуфт, ки 70 дарсади какаои ҷаҳон дар Кот-д’Ивуар ва Гана истеҳсол мешавад.
***
Душанбе,21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар шаҳри Леза, воқеъ дар минтақаи наздисарҳадӣ бо Чин Артиши миллии Мянма амалиётро бар зидди шӯришгарони қабилаи этникии «Качин» оғоз кард. Гуфта мешавад, ки амалёт ҳангоме сар зад, ки низомиёни давлатӣ пойгоҳи тамрини ҳарбии марбут ба ин қабиларо мавриди ҳадаф қарор дод. Дар натиҷаи даргирӣ бо низомиёни давлатӣ 22 ҷангии қабилаи этникӣ ҳалок гардида, 15 нафари дигар захмӣ шудааст.
***
Душанбе,21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си моҳи равон аъзои гурӯҳҳои «Ансор ал-Шариъа»-и Бенғозӣ ва «Ансор ал-Шариъа»-и Дерна садоқати худро ба гурӯҳи «Давлати Исломӣ» эълон карда буданд. Аммо шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дастрасӣ ба тамоми манбаъҳои молиявӣ, сафар ба мамолики дунё ва интиқоли маводи ғизоиро ба ин дастаҳои террористӣ мамнуъ эълон намуд.
***
Душанбе,21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Аз сабаби боришоти барфи зиёд ва сардии ҳаво дар қисми шимолу шарқии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 8 нафар ба ҳалокат расид. Гуфтан ба маврид аст, ки дар шаҳри Буффало баландии қабати барф 1,5 метрро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин ҳолат парвози ҳавопаймоҳо аз рӯи 40 хатсайр мутаваққиф шуда, фаъолияти таълимгоҳу кӯдакистонҳо то як муддат қатъ гардид. Мувофиқи маълумоти обуҳавошиносии кишвар номусоидии ҳаво дар қисми шимолу шарқии Амрико боз чанд рӯзи дигар идома хоҳад ёфт.
***
Душанбе,21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Неруҳои пешмаргаи курд дар вилояти Диёла дар шаҳри Ҷалола ва Ал-Саъдия, ки истеҳкоми ин гурӯҳ маҳсуб меёбад, муборизаро алайҳи ҷангиёни «Давлати Исломӣ» тақвият мебахшанд. Қобили зикр аст, ки аз куштаву захмӣ шудани чанд низомии курд дар пайи набард бо ҷангиёни «Давлати Исломӣ» дар вилояти Диёла хабар дода мешавад.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






