Афзоиши талабот ба какао дар ҷаҳон

Ноябрь 21, 2014 11:21

   Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-   Мувофиқи иттилои Созмони байналмилалии какао тайи ду соли охир арзиши ин зироати кишоварзӣ 60 дарсад боло рафтааст. Ба иттилои ширкати амрикоии «Марс» ва ширкати «Бари»-и Шветсария то соли 2020 талабот ба какао дар ҷаҳон 1 миллион тонна зиёд хоҳад гашт. Бояд гуфт, ки  70 дарсади какаои ҷаҳон дар Кот-д’Ивуар ва Гана истеҳсол мешавад.
***
Душанбе,21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар шаҳри Леза, воқеъ дар минтақаи наздисарҳадӣ бо Чин Артиши миллии Мянма  амалиётро бар зидди шӯришгарони қабилаи этникии «Качин» оғоз кард. Гуфта мешавад, ки амалёт  ҳангоме сар зад, ки низомиёни давлатӣ пойгоҳи тамрини ҳарбии марбут  ба ин қабиларо мавриди ҳадаф қарор дод. Дар натиҷаи даргирӣ бо низомиёни давлатӣ 22 ҷангии қабилаи этникӣ ҳалок гардида, 15 нафари  дигар захмӣ шудааст. 
***
    Душанбе,21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си моҳи равон аъзои гурӯҳҳои «Ансор ал-Шариъа»-и Бенғозӣ ва «Ансор ал-Шариъа»-и Дерна садоқати худро ба гурӯҳи «Давлати Исломӣ» эълон карда буданд. Аммо шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дастрасӣ ба тамоми манбаъҳои молиявӣ, сафар ба мамолики дунё ва интиқоли маводи ғизоиро ба ин дастаҳои террористӣ мамнуъ эълон намуд.
***
    Душанбе,21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Аз сабаби боришоти барфи зиёд ва сардии ҳаво дар қисми шимолу шарқии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 8 нафар ба ҳалокат расид. Гуфтан ба маврид аст, ки дар шаҳри Буффало баландии қабати барф 1,5 метрро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин ҳолат парвози ҳавопаймоҳо аз рӯи 40 хатсайр мутаваққиф шуда, фаъолияти таълимгоҳу кӯдакистонҳо то як муддат қатъ гардид. Мувофиқи маълумоти  обуҳавошиносии кишвар номусоидии ҳаво  дар қисми шимолу шарқии Амрико боз чанд рӯзи дигар идома хоҳад ёфт.
***
    Душанбе,21.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-Неруҳои пешмаргаи курд дар вилояти Диёла дар шаҳри Ҷалола ва Ал-Саъдия, ки истеҳкоми ин гурӯҳ маҳсуб меёбад, муборизаро алайҳи ҷангиёни «Давлати Исломӣ» тақвият мебахшанд. Қобили зикр аст, ки аз куштаву захмӣ шудани чанд низомии курд дар пайи набард бо ҷангиёни «Давлати Исломӣ» дар вилояти Диёла хабар дода мешавад.
 

Ноябрь 21, 2014 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд