«АксесБонк Тоҷикистон»-таҳвилгари пешсафи хизматрасониҳо

Ноябрь 17, 2014 11:44

Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — «АксесБонк Тоҷикистон» бо чор филиали худ дар пойтахт ва яктоӣ филиал дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода ва Қӯрғонтеппа яке аз таҳвилгарони пешсафи хизматрасониҳои маблағгузории хурди мамлакат маҳсуб меёбад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз  бонки мазкур иттилоъ доданд, ки моҳи сентябр дар вилояти Суғд Маркази аввалини хизматрасонии бонкӣ кушода шуд. 
Ба иттилои манбаъ, имрӯзҳо бонк дорои шабакаи филиалӣ ва кормандони ботаҷриба буда, ба зиёда аз 10 000 мизоҷ хизмат мерасонад. 
Бояд гуфт, ки  «АксесБонк Тоҷикистон» соли 2009 аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), Корпоратсияи байналмилалии молия (IFC), Бонки Рушди Олмон (KfW) ва «AccessHolding» бунёд ёфтааст. Самти асосии фаъолияти бонк  қарздиҳии тиҷорати микро ва хурду миёна мебошад. Дар тӯли фаъолияти чорсолаи худ бонк дар қисмати қарзӣ нишондодҳои хеле баландро ба даст овард. 
Моҳи августи соли 2014 маблағи умумии сандуқи қарзии бонк зиёда аз 50 млн. доллари ИМА — ро ташкил дод. Ду сол пеш, баъди гирифтани иҷозатнома барои ҷалби пасандозҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон сандуқи пасандозии «АксесБонк» андозаи зиёда аз 3,5 млн. доллари ИМА — ро ташкил дод. Интизор меравад, ки тамоюли афзоиши устувор дар солҳои наздик нигоҳ дошта мешавад. 
 
 
 
 

Ноябрь 17, 2014 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд