«Акси садои «Дидор» дар Конибодом

Ноябрь 6, 2014 14:19

Душанбе, 6.11.2014. (АМИТ «Ховар»). — Аз 6 то 9 ноябр дар Театри драмаи мусиқии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом, дар рӯзҳои таҷлили 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи Синамобазми байналмилалии «Дидор»-«Акси садои «Дидор» бахшида ба 110 –солагии Комил Ёрматов бо намоиши филмҳои Осиёи Марказӣ, Арманистон, Гурҷистон, Россия, Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.Ба иттилои раиси Иттифоқи синамогарони Точикистон ва директори синамобазми байналмилалии «Дидор» Сафар Ҳақдодов, ташаббуси синамогарони Тоҷикистонро ҳукумати шаҳри Конибодом ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд. Расми ифтитоҳи ин барнома бо намоиши филми «Вопасин навор», муаллиф Нури Наср ва коргардон Абулҳай Зокиров, истеҳсоли Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» оғоз шуда, дар давоми 4 рӯз 22 филми кӯтоҳу пурраметражи ройгон ба тамошо гузошта мешаванд.Тамошобинони шаҳр бевосита бо коргардони шинохтаи филмҳои тасвирӣ-Бахтиёр Қаҳҳоров, синамошиноси маъруфи тоҷик Саъдулло Раҳимов вохӯрда, аз дастовардҳои синамои тоҷик ва чаҳон суҳбат хоҳанд кард.Ин барнома бо намоиши филми навсохтаи синамогарони ҷавони тоҷик «Паймон», бо коргардонии Муҳиддини Музаффар, ки зода ва сокини шаҳри бостонии Конибодом ҳастанд, анҷом меёбад.

Ноябрь 6, 2014 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад