Алоқа-омили пешбурди мудофиа

Ноябрь 19, 2014 10:40

Душанбе, 19.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Лайло Тоирӣ). — Аз рӯзҳои нахустини таъсиси Артиши миллӣ дар тобеияти Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа Раёсати алоқа ва воҳидҳои вобастаи ин соҳа амал менамоянд, ки ҳайати шахсии он дар самти иҷрои вазифаҳои ҷангӣ ва таъмин намудани қисму воҳидҳои низомии Артиши миллӣ бо воситаҳои алоқаи ҳозиразамон саҳми арзанда дорад.Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, барои сайқал додани маҳорати касбӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи ҳайати шахсии алоқачиёни ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дар самти истифода намудани технологияҳои пешқадами соҳаи алоқа пайваста машғулиятҳои таълимӣ доир мешаванд ва зимни он аз таърихи пайдоиши воситаҳои алоқа, марҳилаҳои пешрафти ин соҳа ва омӯхтану аз бар намудани низоми муосири алоқа роҳандозӣ мегардад.Чунин машғулиятҳои омӯзишӣ асосан тибқи нақша дар давраҳои зимистону тобистонаи омӯзишӣ соле чандин маротиба доир гашта, масъулини соҳа ё худ онҳое, ки ба чунин машғулиятҳо ҷалб гардидаанд, вобаста ба дониш ва малакаи аз бар намуда, дар назди афсарони баландихтисоси Раёсати алоқа ва технологияи итилоотии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ санҷиш месупоранд.Қобили зикр аст, ки чунин ҷамъомад ва ё худ машғулиятҳои методӣ-таълимӣ на танҳо бо ҷалби алоқачиёни ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, балки дар ҳамоҳангӣ бо иштироки масъулини вобастаи алоқаи дигар сохторҳои низомии мамлакат низ доир мегарданд ва зимни баргузории чунин машғулиятҳои омӯзишӣ ҳар дафъа талаботи нав ва навовариҳои зиёде барои пешбурди соҳаи алоқа дар Қувваҳои Мусаллаҳ ворид мешаванд.

Ноябрь 19, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!