Амалиёти “Биёед китоб хонем!” бахшида ба Рўзи Парчам
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Амалиёти навбатии “Биёед китоб мехонем!” бахшида ба Рўзи Прачами давлатӣ дирӯз дар шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии устод Рўдакӣ баргузор гардид.
Хониши китоб ба шахси ҷавон на танҳо илму маърифат, балки иродаи қаввӣ, хулқу атвори инсонӣ, одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва поктинатӣ мебахшад.
Бо ҳамин мақсад аз моҳи август то декабри соли 2014 Амалиёти “Биёед, китоб хонем!” эълон шуда, ҳамоиши оммавии аввалини он шоми 12 августи соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии устод Рўдакӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни амалиёт аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи Вазорати фарҳанг 1000 адад китоби гуногуни бадеӣ ва 1000 нусха рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аз ҷониби волонтёрон ба меҳмонону сокинони пойтахт, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба таври ройгон тақсим шуд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби қисми зиёди шаҳрвандон хуш пазируфта шуд ва пешниҳод гардид, ки чунин чорабиниҳо боз ҳам зиёдтар баргузор шаванд, то ин ки наврсону ҷавонон бештари вақти холии худро бо китобхонӣ гузаронанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






