Амалиёти “Биёед китоб хонем!” бахшида ба Рўзи Парчам

Ноябрь 24, 2014 10:12

 
Душанбе, 24.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Амалиёти навбатии “Биёед китоб мехонем!” бахшида ба Рўзи Прачами давлатӣ дирӯз дар шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии устод Рўдакӣ баргузор  гардид. 
Хониши китоб ба шахси ҷавон на танҳо илму маърифат, балки иродаи қаввӣ, хулқу атвори инсонӣ, одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва поктинатӣ мебахшад. 
Бо ҳамин мақсад аз моҳи август то декабри соли 2014 Амалиёти “Биёед, китоб хонем!” эълон шуда, ҳамоиши оммавии аввалини он шоми 12 августи соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии устод Рўдакӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни амалиёт аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии бевоситаи Вазорати фарҳанг  1000 адад китоби гуногуни бадеӣ ва 1000 нусха рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аз ҷониби волонтёрон ба меҳмонону сокинони пойтахт, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба таври ройгон тақсим шуд. 
Иқдоми мазкур аз ҷониби қисми зиёди шаҳрвандон хуш пазируфта шуд ва пешниҳод гардид, ки чунин чорабиниҳо боз ҳам зиёдтар баргузор  шаванд, то ин ки наврсону ҷавонон бештари вақти холии худро бо китобхонӣ гузаронанд.
 
 
 

Ноябрь 24, 2014 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд