Анҷумани байнипарлумонии ИДМ дар Санкт — Петербург
Душанбе, 27.11.2014. (АМИТ «Ховар», Елена Батенкова ).- Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва молия Сафаралӣ Раҷабов аз 27 то 28 ноябр дар шаҳри Санкт — Петербург дар ҷаласаи Комиссияи доимии Анҷумани байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисодиёт ва молия иштирок мекунад. Назар ба хабари котиби матбуоти Парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» ҳамчунин лоиҳаҳои шарҳи қонун «Дар бораи ҳамкории ҷамъиятию инфиродӣ» ва шарҳи Кодекси андоз мавриди муҳокима қарор мегиранд. Аъзои комиссия иттилоотро дар бораи тарҳрезии лоиҳаи Муоҳадаи ИДМ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳқиқу истифодаи кайҳон ба мақсадҳои осоишта, перомуни 175 — солагии Расадхонаи асосии Пулковои Академияи илмҳои Русия ва дар бораи кори комиссия оид ба иҷрои Дурнамои қонунгузорӣ дар ИДМ барои солҳои 2011 — 2015 ва пешниҳодҳо ба лоиҳаи Дурнамои қонунгузории ИДМ барои солҳои 2016 — 2020 — ро баррасӣ менамоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






