Арҷгузорӣ ба Сарқонуни кишвар
Душанбе, 04.11.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз дар дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилоотии кумита Ҷалолиддин Нуров, дар чорабинии мазкур сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои низоми кумита, Раёсат ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Раиси кумита Аҳтам Абдуллозода ҳозиринро ба 20-умин солгарди Сарқонуни кишвар шодбош гуфта, онро бахтномаи миллат баён дошт.
Гуфта мешавад, ки мавсуф аз таърихи қабули Сарқонуни кишвар ёдовар шуда, пешравию шукуфоӣ ва созандагию ободкории кишварро самараи ин муқаддасоти давлатӣ баён доштааст.
Дар охир роҳбарияти кумита ҳозиринро вазифадор намуд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани ин рӯзи таърихӣ дар корхонаю ташкилоти худ масъул буда, муҳтавои ин муқадасотро ба насли наврасу ҷавон омўзонанд ва онҳоро ба ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба қонунҳое, ки аз Сарқонун сарчашма мегиранд, ҳидоят созанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






