Ашан аввалин гипермаркети худро дар Тоҷикистон мекушояд
Душанбе, 17.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд Сума Чакрабартӣ, ки субҳи имрӯз доир гардид, масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пас аз анҷоми мулоқот Президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд Сума Чакрабартӣ андешаҳояшро дар ҳузури хабарнигорон чунин иброз намуд:
«Имрӯз мо бо Ҷаноби олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон явохӯрии дараҷаи олиро доир намудем. Ин сафари аввалини Президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ соли охир мебошад. Мо инчунин масъалаҳои ҳамкории байни Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардем. Соли ҷорӣ яке аз солҳои бомуваффақият барои мо мебошад, чунки сармоягузориҳои мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ба 100 млн. доллари амрикоӣ расид. Мо инчунин барномаи стратегияи ҳамкории Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд дар Тоҷикистонро барои давраи оянда баррасӣ намудем, ки дар он масъалаҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди инфрасохтор, рушди низоми бонкдорӣ ва рушди энергетика баррасӣ шуданд ва ба инобат гирифта хоҳанд шуд.
Албатта, бахши энергетика барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят соҳаи муҳим мебошад, ки он дар маркази диққати стратегияи нави ояндаи мо қарор гирифтааст. Дар бобати ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои машваратӣ ман гуфтаниям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пайроҳаи дурустеро барои рушди худ интихоб кардааст».
Сума Чакрабартӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз шарикони аз ҳама муҳими Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд арзёбӣ карда, зикр намуд, ки фардо ният дорад ду ҳуҷҷати ниҳоят муҳимро ба имзо расонад. Яке аз ин ҳуҷҷатҳо оид ба сармоягузорӣ бо ширкати «Ашан» мебошад, ки аввалин гипермаркети худро дар Тоҷикистон хоҳад кушод ва дигар ин созишнома оид ба додани қарз бо асъори миллӣ ба ташкилоти Имон интернешнл мебошад, ки барои рушди сохтори хусусӣ, алалхусус соҳибкорони хурду миёна ниҳоят нақши бузургеро мебозад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






