Авбошон дастгир шуданд
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар шаҳри Душанбе 4 ҷавони авбош дастгир шуд. Назар ба хабари ВКД ҶТ, 11 ноябр шахсони номаълум дар назди корхонаи «Экскаватор» — и пойтахт тартиботи ҷамъиятиро халалдор намуда, сокини 24 — солаи ноҳияи Ҳисор Шарофиддин Тоҷиев ва сокини 21 — солаи шаҳри Душанбе Зокир Йӯлдошевро латукӯб карданд.Кормандони милиса ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти фаврӣ сокинони шаҳри Душанбе Муҳаммадшариф Эмомови 21 — сола, Равшан Ғафурови 19 — сола, Дониёр Муҳаммадшоев ва Умед Каримови 20 — соларо дастгир намуданд. Аз рӯи ин қазияҳо парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






