Авфшуда ба маҳбас бармегардад
Душанбе, 11.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, дирӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки шаҳрванд Табур Ғафуров, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Айнӣ, пеш бо моддаҳои 111 қисми 3, КҶ ФР ва 244 қисми 2 КҶ ҶТ суд шудааст ва мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз 29.10.с.2014 ба озодӣ баромада, 08.11.с.2014 дар ҳавлии истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо падараш Исомиддин Ғафуров, соли таваллудаш 1959 ҷанҷол намуда, бо чӯбдасти дар дасташ буда 1 маротиба ба сари ӯ задааст. Дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Сарчашма ҳамчунин хабар медиҳад, ки имрӯз дар дохили яке аз қаҳвахонаҳои воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт шахси номаълум шаҳрванд Зайнидин Назаров, соли таваллудаш 1961, сокини ш. Душанберо бо истифодаи корд ба рӯяш зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шаҳрванд Абдуҳаким Юсуфов, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакиро, ки пеш бо моддаи 228 КҶ ФР суд шудааст, дастгир намуданд. Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






