Аввалин барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионӣ
Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Аввалин барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионӣ дар ТҶ «Хома» 10 ноябр шурўъ шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» иттилоъ доданд, барномаи таълимӣ кормандони телевизион ва донишҷўёни факултаҳои дизайни мактабҳои олии Тоҷикистонро ҷалб намудааст, ки мехоҳанд донишу малакаи худро дар соҳаи дизайн сайқал диҳанд. Дар миёни иштирокчиён нафароне низ ҳастанд, ки ҳунари рассомӣ ва донишҳои заминавии компютерӣ дошта, дар оянда хоҳиши бо графикаи телевизионӣ машғул шуданро доранд. Барномаи таълимӣ аз ду давра иборат аст.
Даври аввал панҷ рӯз (10-14 ноябр) идома ёфта, онро тренерони маҳаллӣ мегузаронанд.
Мувофиқи нақшаи таълимӣ дар даври якуми омӯзиш ба иштирочиён барномаҳои махсуси компютерӣ омўзонида мешаванд, ки аз тариқи онҳо сохтани саҳнаи вертуалӣ, декоратсияҳо ва «муқоваи» барномаҳои телевизионӣ осон мегардад. Ҳамзамон бо иштирочиён рассомон, аккосон, наворбардорону коргардонони ботаҷриба кор бурда, ба онҳо нозукиҳои кори телевизион, истифода ва танзими дурусти наворҳо, сохтани эскизи декоратсияҳои телевизионӣ, фарқи тобиши ранг ва рӯшаниро меомўзонанд.
Даври якум иштирокчиёнро ҳамаҷониба барои даври дуюми омўзиши дизайни телевизионӣ омода месозад, ки рўзҳои 24-28 ноябр ба нақша гирифта шудааст. Дар он бо ҷалби тренери хориҷӣ иштирокчиён бо омўзиши графикаи телевизионӣ, ороиши саҳна ва брендинги шабакаи телевизионӣ фаро гирифта мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






