Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ афзуд

Ноябрь 26, 2014 09:13

    Душанбе, 26.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ баъди ҷамъбасти моҳи октябри соли равон бақияи пасандозҳо дар даҳ моҳи соли равон 6 млрд. 334,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 18,4 фоиз афзуд. 
Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллиии Тоҷикистон, таркиби бақияи пасандозҳо ба таври зайл тақсимбандӣ шудааст: 2 млрд. 180,4 млн. сомонӣ (ё 34,4 фоиз)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 4 млрд. 154,2 млн. сомонӣ (ё 65,6 фоиз)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил доданд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтаанд. 
    Дар моҳи октябр фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,13 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,99 фоизи солонаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,61 фоиз паст ва 0,55 фоиз баланд мебошад. 

Ноябрь 26, 2014 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд