Ба кор даровардани маҷмааи истеҳсолию хизматрасонӣ бо 105 ҷойи корӣ дар маркази ноҳияи Ёвон

Ноябрь 12, 2014 12:43

Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як маҷмааи истеҳсолию хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Мирзоев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.Чунонки аён гардид, ин маҷмаа дар бинои нави чорошёна бо таҳхона ҷойгир шуда, аз корхонаи ҷӯроббофӣ, корхонаи дӯзандагӣ, маркази савдо ва ошхонаи ҷамъиятӣ иборат аст.Корхонаи ҷӯроббофии маҷмаа дорои иқтидори 9 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, дар он ҳоло 83 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. 80% фоизи таркиби ҷӯробҳои ин корхона аз пахта буда, дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони доимӣ доранд. Чунонки иттилоъ доданд, оянда ҷӯроббофӣ дар ин корхона бо таҷҳизоти аз ин навтару замонавӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолӣ ҳам афзун карда мешавад.Таҷҳизонидани корхонаи дӯзандагӣ бошад, ҳоло идома дорад. Тибқи нақша дар ин корхона 30 ҳазор дона либосҳои кӯдакона дар як моҳ ё 360 ҳазор дар як сол дӯхта хоҳад шуд.Дар ин маҷмаа, ки бо харҷи қариб 15 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, ҳоло ҳамагӣ 105 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.Соҳибкори номбурда бо падару бародаронаш тасмим доранд, ки корҳои истеҳсолию хизматрасониро дар ин бино ва атрофи он идома дода, дар муддати кӯтоҳ беш аз 600 ҷойи корӣ муҳайё созанд. Оянда онҳо, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли чатрҳоро низ бунёд карданианд.Хотиррасон бояд намуд, ки ду сол пеш аз ҷониби ҳамин соҳибкор дар паҳлӯи ин корхона маҷмааи варзишӣ низ бунёд ёфта буд. Дастпарварони гурӯҳҳои гуногуни ин маҷмааи варзишӣ аллакай натиҷаҳои намоён нишон медиҳанд.

Ноябрь 12, 2014 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад