Бадмастӣ бо кордзанӣ анҷомид
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, дирӯз шаҳрванд Раҷабов Шариф Нуралиевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Фархор дар хонаи истиқоматияш, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада писараш Раҷабов Исмоил Шарифович, соли таваллудаш 1990-ро як маротиба бо корд ба қисмати рости шикамаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ш.Н. Раҷабов бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ дастгир гардид.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






