Баргузории Конфронси олимони ҷавони Тоҷикистон
Душанбе, 08.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-«Бузургдошти мутафаккирони илму адаби тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисори бостонӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ — амалӣ баргузор гардид.Ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Ҷалолиддин Нуров, конфронси мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар кори он намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок доштанд.Гуфта мешавад, ки дар конфронси мазкур нақшу мақоми Абдураҳмони Ҷомӣ дар адабиёти классикии тоҷику форс, ҳаёт ва эҷодиёти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таъриху фарҳанги пурғановати Ҳисори Шодмон мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифт. Дар конфронс раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода оид ба пешрафти илму техника ва дастовардҳои олимони ҷавон дар ин соҳа ибрози назар намуд. Мақсад аз баргузории конфронс сарҷамъ намудани олимони ҷавон, рушди илму фарҳанг ва ба ин васила онҳоро барои дастовардҳои илми роҳнамун сохтан мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






