Барномаи рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҳамадонӣ
Ҳамадонӣ, 22.11.2014 (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Баъди тачдиди сохтори хоҷагии қишлок ва аз ҳисоби хоҷагиҳои ҷамоавӣ ташкил намудани кооперативҳои истеҳсолию хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ шумораи хоҷагиҳо даҳҳо баробар афзуд. Хоҷагиҳои мазкур дар самтҳои гуногун фаъолият намуда ба пахтакорию, сабзавоткорӣ, боғдорию чорвопарварӣ машғул гардиданд. Дар ин кор чорвопарварони ноҳияи Ҳамадонӣ муваффақ гардидаанд. Айни замон дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 78 кооперативҳои истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои инфиродию хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба парвариши ҳайвони калони шохдор, моли майда ва асппарварӣ машғуланд. Бино ба иттилои раёсати кишоварзии ноҳия саршумори чорво давоми чор соли охир рӯ ба афзоиш дорад. Тавре Низомиддин Ғиёсов, сарбайтори ноҳия иттилоъ дод, қисми зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳангоми таҷдиди хоҷагиҳои ҷамоавӣ саҳми хешро пурра гирифта натавонистанд ва новобаста ба ин дар натиҷаи меҳнати софдилона тавонистанд хоҷагиҳои хешро аз ҷихати иқтисодӣ мустаҳкам намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






