Баррасии эҳё ва рушди кинои тоҷик дар ҳузури Марҳабо Ҷабборӣ
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ директори генералии Фонди давлатии кинофилмҳои Федератсияи Россия (Госфильмофонд) Бородачев Николай Михайловичро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот вобаста ба таърих ва марҳилаҳои рушди кинои тоҷик андешаҳо баён гардида, таъкид шуд, ки воқеан филмҳои офаридаи тоҷикон тавонистааст дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ва таърихи пурғановати миллати тоҷикро муаррифӣ намояд. Дар ин ҷода аз саҳми назарраси Тоҳир Собиров, Борис Кимёгаров, Комил Ёрматов ва дигарон дар рушди офаридани филмҳои тоҷикӣ хотиррасон шуданд.Николай Бородачев, ки аз дастпарварони соҳаи кинои тоҷик ба шумор рафта, имрӯз дар ин вазифа фаъолият дорад, аз пешрафту ободии Тоҷикистон хуш истиқбол намуд ва омодагии худро барои ҳамкорӣ дар соҳаи филмофарӣ, эҳё ва рушди ин соҳаи дар Тоҷикистон баён намуд. Қайд кард, ки тамоми нусхаи асли филмҳои офаридашудаи замони Тоҷикистон Шӯравӣ дар Фонди давлатии кинофилмҳои Федератсияи Россия маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, ки ибтидои он аз филми ҳанӯз соли 1929 аз ҷониби «Тоҷикфилм» ба навор гирифташуда сарчашма мегирад ва Фонд тайёр аст барои барқароркуниву дастрасӣ ба нусхаҳои он ба Кумитаи телевизион ва радио ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.Марҳабо Ҷабборӣ дар навбати худ аз иқдоми роҳбарияти фонди мазкур миннатдорӣ баён карда, дар баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, намоиши филмҳо, ташкили кинофестивалҳо, ки аз ҷониби Фонди давлатии кинофилмҳои Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд, ҷонибдории хешро зикр намуд. Аз ҷумла таъкид дошт, ки намоиши филмҳо метавонад насли наврасро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, дӯстиву рафоқат, меҳнатдӯстиву адолатхоҳӣ ва дигар хислатҳои хуби инсонӣ ба воя расонад. Дар мулоқот роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






